Ёсин Эргашеви дусола санъати сирки тоҷикро дар Ҷумҳурии Мисри Араб муаррифӣ мекунад
Душанбе, 7.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. 8 нафар ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон дар фестивали сиркӣ дар Ҷумҳурии Мисри Араб иштирок доранд.
Фестивали сиркии Ҷумҳурии Мисри Араб 20-уми июни соли равон оғоз гардида, он муддати се моҳ то 20-уми сентябр идома меёбад ва дар он кишварҳои зиёд санъати сиркии худро намоиш медиҳанд.
Ба ҳайати 8-нафараи Тоҷикистон ҳунарманди хурдтарини сирки тоҷик Ёсин Эргашев, ки ду солу се моҳ дорад, шомил аст.
Ҳамчунин дигар ҳунармандони боистеъдоди сирки тоҷик, аз ҷумла Обид Эргашев, Далер Эргашев, Муҳаммадҷон Музаффаров, Асатулло Раҳимов, Мастона Собирова, Нилуфар Шоева ва Гулнора Ҳусейнзода санъати сирки тоҷикро дар сатҳи байналмиллалӣ муаррифӣ мекунанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






