29 август- Рӯзи байналмилалии амалиёт бар зидди озмоишҳои ҳастаӣ
Душанбе, 29.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. 29 август Рӯзи байналмилалии амалиёт бар зидди озмоишҳои ҳастаӣ эълон гардидааст.
Ин рӯз дар ҷаласаи 64 Ассамблеяи генералии СММ, ки 2 декабри соли 2009 баргузор гардид, тасдиқ карда шуд. Бо кӯшишҳои СММ 29 август даъват ба амал оварда шуд, ки давлатҳои ҷаҳон, ташкилотҳои ҳукумативу ғайриҳукуматӣ озмоишҳои ҳастаӣ (ядроӣ)-ро қатъ намоянд, зеро ин барои таъсиси ҷаҳони бехавф мусоидат мекунад.
Дар баёнияи Ассамблея омадааст: «Бояд ба озмоишҳои яроқи ҳастаӣ хотима бахшид, то оқибати нобудсозии ҳаёти одамон ва саломатии онҳоро пешгирӣ шавад».
Ҳамчунин дар баёнияи мазкур даъват ба амал оварда шудааст, ки дар мавриди оқибатҳои озмоиши яроқҳои ҳастаӣ ва дигар амалиёти ядроӣ, зарурати қатъи онҳо барои расидан ба мақсадҳои бунёди ҷаҳони озод аз яроқҳои ҳастаӣ ба одамон иттилоъ дода, сатҳи маърифатнокиашон дар ин самт боло бардошта шавад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






