72 нафар духтарони Рашт тариқи квотаи президентӣ дар мактабҳои олӣ таҳсил доранд

Август 29, 2016 11:12

Рашт, 29.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар қаламрави ноҳияи Рашт 32 бинои нави таълимӣ ва 98 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ ба истифода дода шуданд. Аз ҷумла, солҳои 2014-2015 дар ноҳия аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 19 бинои нав ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Сохтмони биноҳои нав дар назди муассисаҳои таълимии №27 ва 100 идома дорад.
Дар солҳои 2011- 2014 аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳурӣ ба воситаи Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таълимии ноҳия бо 2518 баста мизу курсии талабагӣ, 214 баста мизу курсӣ барои омўзгорон, 417 курсии нимнарм, 310 адад мизи талабагӣ, 107 адад тахтаи синфӣ, 64 адад либосовезак ва дигар ҷиҳозу таҷҳизоти дарсиву гармидиҳӣ таъмин карда шуданд, ки маблағи умумиашон 784 ҳазору 930 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин дар ин давра аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таълимии ноҳия бо 414 баста мизу курсии талабагӣ ва 55 миз барои омўзгорон таъмин карда шуданд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои баландихтисоси маҳаллӣ тадбирҳои судманд меандешад. Бо ин мақсад дар панҷ соли охир 144 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, аз ҷумла 72 нафар духтар ба тариқи квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дохил гардида, таҳсил доранд.

Август 29, 2016 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид