Аҳтам Абдуллозода: Танҳо мутахассисони баландихтисос метавонанд содиқона ба нафъи халқу Ватан хизмат намоянд

Август 8, 2016 18:09

Душанбе, 08.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 8 августи соли ҷорӣ дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо магистроне, ки дар риштаи идоракунии давлатӣ таҳсил дорад, доир гардид.

Аҳтам Абдуллозода ҷавононро ба дарёфти хониши хубу аъло даъват намуда, зикр кард, ки онҳо фардо масъулияти бузургеро бар дӯш дошта, танҳо дар сурати мутахассиси баладихтисос гардиданашон метавонанд содиқона ба нафъи халқу Ватан хизмат намоянд.

13886878_936746973137622_7433160776936550840_n«Барои ҳар яки мо заҳматҳои содиқонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи шукуфоӣ, пешрафт, сулҳу субот ва тараққиёти Тоҷикистон намунаи олии ибрат аст ва мо бояд аз тамоми имкониятҳои фароҳамовардашуда самаранок истифода бурда, неруи худро баҳри созандагию ободонӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ равона созем», — таъкид намуд Аҳтам Абдуллозода.

Дар мулоқот Аҳтам Абдуллозода аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ёдовар гардида, ба суолҳои ҷавонон дар ин мавзӯъ посухҳои мушаххас дод.

Август 8, 2016 18:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад