Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъи бозори меҳнат тадқиқот мегузаронад
Душанбе, 20.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Тадқиқоти қувваҳои корӣ оид ба проблемаҳои шуғли аҳолӣ тадқиқоти миллӣ буда, барои дастрас намудани иттилооти пурраю эътимоднок ҷиҳати вазъи бозори меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудаанд. Тадқиқоти қувваҳои корӣ дар доираи «Лоиҳаи рушди омори миллӣ барои солҳои 2015-2018» бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ ва кумакҳои машваратии Ташкилоти Байналмиллалии Меҳнат дар давоми солҳои 2015-2016 гузаронида мешаванд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тадқиқоти мазкур аз тарафи агентӣ дар 272 қитъаи баҳисобгирӣ бо роҳи гузаронидани пурсиш дар 4080 хонаводаи ба таври тасодуфӣ интихобгардида ва пурсиши аъзои хонаводаи 12-75 сола гузаронида мешаванд.
Ҳадаф аз гузаронидани тадқиқоти мазкур ба даст овардани маълумот оид ба муайян кардани шумораи аҳолии дар иқтисодиёт фаъол ва ғайрифаъол аз рӯи тавсияҳои Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат, шумораи аҳолии машғул аз рӯи намудҳои фаъолияти иқтисодӣ, дар бахшҳо ва шакли моликият, шумораи умумии бекорон ва баҳодиҳии сатҳи бекорӣ, шумораи машғулин дар бахши расмӣ ва ғайрирасмӣ, баҳодиҳии шуғли ғайрирасмӣ, шумораи муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ, шумораи муҳоҷирати дохилӣ, оид ба истифодаи меҳнати кӯдакони синни 12-17, нишон додани бозори меҳнати кишвар аз нуқтаи назари гендерӣ, омӯзиши масъалаҳои истисмори муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар, дигар проблемаҳои ба шуғли аҳолӣ алоқаманд мебошад.
Бартарии ҷамъоварии маълумот оид ба шуғли аҳолӣ аз тариқи пурсиши шаҳрвандон дар хонаводаҳо он аст, ки ин усул имкон медиҳад маълумот аз ҳама соҳаҳои фаъолияти иқтисодӣ ва ҳама категорияҳои кормандон, аз ҷумла, шумораи кироякорон, кормандони худмашғул, аъзои ёрирасони хонаводаҳо, ба ҳисоб гирифтани шуғли аҳолӣ дар бахши ғайрирасмӣ, муайян намудани шуғли ғайрирасмӣ, шумораи соатҳои корӣ дар кори асосӣ ва иловагӣ, маълумот оид ба шуғли аҳолӣ дар хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ ҷамъ оварда шаванд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2004 ва 2009 тадқиқоти қувваҳои корӣ гузаронида шуда буд. Соли 2016 ин тадқиқот маротибаи сеюм гузаронида мешавад. Тадқиқоти қувваҳои корӣ манбаи асосии маълумот барои баҳодиҳии захираҳои меҳнатии кишвар, қувваҳои кории истифодашуда ва истифоданашуда, сатҳи бекорӣ ва муҳоҷирати меҳнатии берунӣ ва дохилӣ мебошад, ки барои муайян намудани дурнамои бозори меҳнати ҷумҳурӣ зарур мебошад.








Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад






