Аксҳои суратгири тоҷик Шӯҳратҷон Ёровро дар Доғистон намоиш доданд

Август 17, 2016 11:39

Душанбе, 17.08.2016. /АМИТ «Ховар»/.  Аз 11 то 13 августи соли равон  дар шаҳри Махачқалъаи Доғистон дар  Китобхонаи миллии ба номи Расул Ғамзатов  бо даъвати З. Бутаева, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Доғистон  намоиши аксҳои Шӯҳратҷон Ёров, суратгири тоҷик, узви  Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, намоиши мазкур  ба 25-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд.
«Тавассути аксҳои бардоштаам мехоҳам зебоиҳои Тоҷикистони кӯҳсорро ба мардуми ҷаҳон нишон бидиҳам, то онҳо аз зебоию табиати нотакрори ватанам ҳаловат баранд. Ман аз тамоми минтақаҳои кишварамон дидан кардам, дар чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ ширкат варзидам. Дар суратҳо ҳаёти гуногунранги мардуми  Тоҷикистон нишон дода шудааст. Онҳо ба ман хеле писанданд ва бовар дорам, ки писанди дигарон мегарданд. Мавзӯи намоишҳо «25-соли Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» номгузорӣ шудааст. То ҷашни бузурги давлатӣ  мехоҳам симои имрӯзаи Тоҷикистони азизро ба дигар мардумон нишон бидиҳам»,-иброз дошт Шӯҳратҷон Ёров.
«Дар аксҳо тамоми соҳаҳои ҳаёти Тоҷикистон: сиёсат, иқтисод, фарҳанг, аксҳо аз чорабиниҳои фарҳангӣ, кӯдакон ва дигар лаҳзаҳои ҷолиби ҳаёти тоҷикон таҷассум гардидааст. Ҳатто аксҳои Бимболат Ватаев-ҳунарманди мардумӣ, ки дар филмҳои «Ҳасани аробакаш», «Достони Рустам» ва «Достони Сиёвуш» нақши асосиро бозидааст, ба намош гузошта шудаанд»,- зикр намуд суратгир.

Август 17, 2016 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад