Ғалаба муборак! Марҳилаи сеюми Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25-солагии Истиқолияти давлатӣ дар вилояти Хатлон ҷамъбаст гардид

Август 12, 2016 11:03

Душанбе, 12.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Марҳилаи сеюми Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25-солагии Истиқолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ аз тарафи комиссияи вилоятии Хатлон ҷамъбаст гардида, ғолибон муайян шуданд.
Тавре ки аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон  ба АМИТ Ховар хабар доданд, марҳилаи сеюми Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид ва маросими мукофотсупорӣ дар арафаи таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа доир мегардад. Дар марҳилаи сеюм инҳо ғолиб дониста шуданд:
Оилаи намунавӣ-оилаи Сафаралӣ Ҳалимов, сокини кӯчаи Б. Иброҳимов аз ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Бохтар;  оилаи Гулмаҳмад Сангов, сокини деҳаи Балҷувон, ҷамоати деҳоти Балҷувони ноҳияи Балҷувон ҷои якум; оилаи Маҳмадшариф Шарипов, сокини ҷамоати шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвон ҷои дуюм; оилаи Муҳриддин Мирзоев, сокини ҷамоати деҳоти Ҷиликӯли ноҳияи Дӯстӣ ҷои сеюм.
Хонаи  намунавӣ- хонаи Исмоил Рустамов воқеъ дар кӯчаи Известия, минтақаи манзилии №3-и шаҳри Норак; хонаи Абдураҳим Тоиров воқеъ дар деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун ҷои якум; хонаи Абдулмуъмин Ятимов  воқеъ дар деҳаи Хуррамзамини ҷамоати деҳоти Фархори ноҳияи Фархор ҷои дуюм; хонаи Қурбон Латипов воқеъ дар деҳаи Обшорони ҷамоати деҳоти Калинини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷои сеюм.
Маҳаллаи беҳтарин-маҳаллаи ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб; маҳаллаи Исмоили Сомонии ҷамоати шаҳраки Мӯъминободи ноҳияи Мӯъминобод ҷои якум; маҳаллаи Пашори ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдати ноҳияи Панҷ ҷои дуюм; маҳаллаи Синои ҷамоати деҳоти Шӯроободи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҷои сеюм.
Деҳаи беҳтарин-деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон; деҳаи Кангурти ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик ҷои якум; деҳаи Қубодиёни ҷамоати деҳоти Носири Хусрави ноҳияи Қубодиён ҷои дуюм; деҳаи Баҳори ҷамоати деҳоти Фирӯзаи ноҳияи Носири Хусрав ҷои сеюм.
Беҳтарин ҷамоатҳои деҳот- ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ; ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара ҷои якум; ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷои дуюм;  ҷои сеюм ҷамоати деҳоти Ховалинги ноҳияи Ховалин.
Беҳтарин ҷамоати шаҳрак- ҷамоати шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара;
Беҳтарин ноҳия-ноҳияи Ёвон.
Беҳтарин шаҳр-шаҳри Қӯрғонтеппа ва раёсати минтақавии гумруки вилояти Хатлон.

Август 12, 2016 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
ЧАРО ТОҶИКИСТОН БА МАСЪАЛАИ ОБ ВА ПИРЯХҲО ТАВАҶҶУҲИ МАХСУС МЕДИҲАД? Пиряхҳои ҷумҳурии мо манбаи ҳаёт барои тамоми Осиёи Марказӣ мебошанд
Кишоварзони шаҳри Ҳисор дар 3 ҳазору 772 гектар замини обӣ шудгор гузарониданд
То 10 январ дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад
Дар Тоҷикистон беш аз 200 корхона ва ҷамъияти нақлиётӣ фаъолият менамояд
Дар шаҳри Гулистон корхонаи таъмири трансформаторҳо ба истифода дода шуд
Имрӯз дар  Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд