Амалиёти «Тартибот» дар ВМКБ ҳолатҳои вайрон кардани қоидаи ҳаракати роҳро ошкор кард
Хоруғ, 08.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии РВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зимни анҷоми амалиёти «Тартибот» садҳо мошинҳои сиёҳшиша, пардапӯш, бе рақами давлатию бо рақамҳои давлатҳои хориҷиро боздошт ва ронандагонашонро ба муҷозот кашиданд.
Ба гуфтаи роҳбари Маркази матбуотии ин раёсат Далер Чоршанбиев, аксарияти вайронкунандагони қоидаи ҳаракати роҳ ҷавонони аз 20 то 30 сола мебошанд, ки иддае аз онҳо ҳатто шаҳодатномаи ронандагӣ дар даст надоштанд ва бархе дар ҳолати мастӣ сари чамбари мошин нишаста буданд. Маҳз бо гуноҳи ҳамин гуна афрод дар ним соли охир дар роҳҳои мошинагарди вилоят бар асари садамаи автомобилӣ 7 нафар ба ҳалокат расида, ду нафар ҷароҳати вазнин бардоштанд.
Яке аз ҳадафҳои аслии ин амалиёти вижа тавассути маслиҳат, ташвиқу тарғиб аз ҷониби кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ пешгирӣ ва кам намудани ҳодисаҳои нохуш дар роҳҳои автомобилгард мебошад.
Роҳбари Маркази матбуотии РВКД зикр намуд,ки дар доираи ин амалиёт гурӯҳе аз кормандони БДА ба лагерҳои тобистона рафта, ба кӯдакону наврасон оид ба риояи қоидаи ҳаракат дар роҳҳои мошингард маълумот ироа намуданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






