«Амнияти сейсмикӣ дар Осиёи Марказӣ»-Конфронси байналмилалии илмию амалӣ дар Академияи илмҳои ҶТ

Август 25, 2016 08:41

Душанбе, 25.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташкил намудани гуфтугӯи озод ва табодули назар байни олимон, мутахассисон ва ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба амнияти сейсмикӣ дар Осиёи Марказӣ аз 25 то 27 август 2016 Конфронси байналмилалии илмию амалиро дар мавзўи «Амнияти сейсмикӣ дар Осиёи Марказӣ» баргузор менамояд.
Дар конфронс масъалаҳои амнияти сейсмикии сарбандҳои неругоҳҳои барқи обӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ, гузаронидани мониторинги сейсмикӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ, муттаҳид намудани неруи сейсмологҳои минтақа ҷиҳати паст намудани хатари заминларзаҳо дар кишварҳои ҳамҷавор, дурнамои таъсиси низоми ягонаи мушоҳидаҳои сейсмологии Осиёи Марказӣ, ҷалби донорҳои байналмилалӣ ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба амнияти сейсмикӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Инчунин дар Конфронс доир ба бехатарии сохтмонҳои иҷтимоӣ, шаҳрсозӣ нисбат ба заминларза ва то ҳадди имкон кам намудани хавфи онҳо ва таъмини амнияти сейсмикӣ ҳангоми банақшагирии сохтмонҳо дар шаҳрҳо (махсусан шаҳрҳои калон) табодули назар карда мешавад.
Ҳамчунин дар кори конфронс ташкил намудани намоишгоҳи технологияҳои нав дар ин самт ва натиҷаҳои корҳои илмии олимони тоҷик дар соҳаи сейсмология ба нақша гирифта шудааст.
Дар кори конфронс беш аз 30 нафар олимони шинохтаи соҳаи сейсмология аз 16 кишвари дунё иштирок хоҳанд кард.
Дар ҷамъбасти кори конфронс Баёнияи иштирокдорони он қабул карда мешавад.

Август 25, 2016 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад