Ҳамоиши «Китоби «Шоҳнома» ва «Тоҷикон дар оинаи таърих»-ро мехонем» дар Кӯлоб ҷамъбаст гардид

Август 23, 2016 16:31

Кӯлоб, 23.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб таҳти унвони «Китоби «Шоҳнома»-и ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ва китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мехонем!» чорабинии сиёсию фарҳангӣ вобаста ба ҷамъбасти ҳамоиши ҳизбӣ баргузор шуд.
Дар ҷамъомад зикр гардид, ки ҳамоиши мазкур бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2016 оғоз гардида, то имрӯз дар ҳамаи корхонаву муассисаҳои шаҳри Кӯлоб дар сатҳу сифати баланд доир шуд. Иштироки фаъоли сокинони шаҳри Кӯлоб, махсусан ҷавонон дар ҳамоиши мазкур баёнгари он буд, ки ба мақсадҳои созандаи худ дар роҳи тақвияти худшиносии миллии ҷомеа хеле наздик шудаем ва чунин иқдомҳо бояд бештар роҳандозӣ карда шаванд, то дар ҷисми ҷомеа ҳисси ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ бештар бедор гардад, зеро ин ва дигар иқдомҳои созанда дар боз кардани чашми худшиносиву худогоҳии ҷомеа нақши калидӣ доранд.
Аз тарафи ҳайати тадорукот иштирокчиёни фаъоли ҳамоиш эълон карда шуда, ҷои аввал ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, ҷои дуюм ба Коллеҷи санъати шаҳри Кӯлоб ва ҷои сеюм ба Коллеҷи милитсияи шаҳри Кӯлоб муносиб дониста шуд.
Ба дигар фаъолони чорабинӣ Сипоснома, Ифтихорнома ва туҳфаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб супорида шуд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ сурудҳои ватанпарастона, муколамаҳо аз китобҳои «Шоҳнома» ва «Тоҷикон дар оинаи таърих», намоишномаи театрии «Фирдавсӣ» ва сюитаи рақсиву овозӣ таҳти унвони «Тоҷикистони соҳибистиқлол» намоиш дода шуданд.

Август 23, 2016 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Данғара озмуни «Фарҳанги дастархонороӣ» баргузор шуд
Пагоҳ дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад