Ҷамъоварии мева нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз 90 ҳазор тонна зиёд аст

Август 22, 2016 14:15

Душанбе, 22.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Тавре аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, то 18 августи соли равон  кишоварзони ҷумҳурӣ 115 ҳазору 393 тонна мева ҷамъоварӣ намуданд. Ҳосили ҷамъоваригардидаи мева нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 90 ҳазору 350 тонна зиёд мебошад.
Ҳамчунин, дар ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили ангур бо маром идома дошта ҳоло, кишоварзон 6233 тонна ангур ҷамъоварӣ намудаанд, ки ин  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2025 тонна зиёд мебошад.
То имрӯз ҷамъоварии мева дар вилояти Хатлон 26 ҳазору 622 тонна, вилояти Суғд 85 060 тонна, ВМКБ 317 тонна ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 3394 тоннаро ташкил медиҳад.
Ҷамъоварии ангур дар ноҳияи Турсунзода хуб ба роҳ монда шуда, кишоварзони ноҳия то имрӯз ба миқдори 683 тонна ангур ҷамъоварӣ намудаанд, ки ин нишондоди беҳтарин дар байни  истеҳсолкунандагони ангур мебошад.

Август 22, 2016 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад