Ҷавони фаъоли шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба истироҳатгоҳи «Ширкент» сафарбар шуданд
Душанбе, 22.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. 21 август 60 нафар ҷавони фаъоли шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба Лагери ҷумҳуриявии «Мактаби омӯзишии ҷавонони фаъол» ба истироҳатгоҳи «Ширкент»-и шаҳри Турсунзода сафарбар шуданд.
Ин иқдом бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, то 26 август идома меёбад.
Дар назар аст, ки давоми панҷ рӯзи истироҳат бо ҷавонон аз ҷониби масъулини Кумита ва Федератсияи футболи кишвар суҳбатҳои озод ва машғулиятҳои омӯзишӣ, фарҳангию варзишӣ гузаронида мешаванд.
Ёдовар бояд шуд, ки ба ҳамин монанд Лагери ҷумҳуриявии «Мактаби омӯзишии ҷавонони фаъол» бо иштироки 60 нафар ҷавони шаҳру ноҳияҳои кишвар 14-18 август дар истироҳатгоҳи «Шоҳин»-и шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор гардида буд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






