Ҳавошиносони кишвар дар рӯзҳои истироҳат ҳавои тағйирёбандаи беборишро пешгӯӣ мекунанд

Август 5, 2016 09:19

Душанбе, 05.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҳавошиносони кишвар дар рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи беборишро пешгӯӣ мекунанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносӣ хабар доданд,    6-7 август дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон ҳавои софи бебориш дар назар дошта шуда, ҳарорати ҳаво ба 42 дараҷа хоҳад расид.
Дар ноҳияҳои минтақаи шимолӣ низ ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад ва ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз, 5 август дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳавои на он қадар гарми бебориш мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳарорати ҳаво шабона 19-24, рӯзона 35-40 дараҷа ва дар вилояти Суғд шабона 18-24, рӯзона 32-37 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар Душанбе  ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар дошта шуда, ҳаво  шабона 17-19, рӯзона 36- 38 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда буда, ҳаво  шабона 16-21, рӯзона 33-38 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар ғарб шабона 11-16, рӯзона 29-34; дар шарқ шабона 3-8, рӯзона 17-22 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Август 5, 2016 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад