Ҳавошиносони кишвар дар рӯзҳои истироҳат ҳавои тағйирёбандаи беборишро пешгӯӣ мекунанд
Душанбе, 05.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҳавошиносони кишвар дар рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи беборишро пешгӯӣ мекунанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносӣ хабар доданд, 6-7 август дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон ҳавои софи бебориш дар назар дошта шуда, ҳарорати ҳаво ба 42 дараҷа хоҳад расид.
Дар ноҳияҳои минтақаи шимолӣ низ ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад ва ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз, 5 август дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳавои на он қадар гарми бебориш мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳарорати ҳаво шабона 19-24, рӯзона 35-40 дараҷа ва дар вилояти Суғд шабона 18-24, рӯзона 32-37 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, ҳаво шабона 17-19, рӯзона 36- 38 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда буда, ҳаво шабона 16-21, рӯзона 33-38 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар ғарб шабона 11-16, рӯзона 29-34; дар шарқ шабона 3-8, рӯзона 17-22 дараҷаро ташкил хоҳад дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






