Аввалин гурӯҳи ҳоҷиёни Тоҷикистон ба Мадинаи мунаввара расиданд
Душанбе, 22.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. 21 август нахустин гурӯҳи ҳоҷиёни тоҷик ба Мадинаи мунаввара расиданд. Дар фурудгоҳи шаҳри Мадина ҳоҷиёни Тоҷикистонро сардори шуъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумита Абдуғаффор Юсуфов, аъзои гурӯҳи корӣ ва намояндагони ширкати хизматрасони кишвари Арабистони Саудӣ истиқбол намуданд. Ҳоҷиёни тоҷик дар меҳмонхонаҳои атрофи ҳарам, ки то масҷиди набавӣ ҳамагӣ то сад метр масофа доранд, ҷойгир карда шуданд.
Дар назар аст, ки имрӯз, 22-юми август ин гурӯҳи ҳоҷиёни мо аз мавзеъҳои таърихии Мадинаи мунаввара, аз ҷумла масҷиди «Қубо», масҷиди «Қиблатайн», кӯҳи Уҳуд ва амсоли он дидан намоянд.
Баъди чанд рӯзи будубош дар Мадинаи мунаввара ҳоҷиён ба Маккаи мукаррама сафарбар мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






