Аз қочоқчиёни афғон 20 кг маводи мухаддир мусодира карда шуд

Август 8, 2016 17:12

Душанбе, 08.08.16. /АМИТ «Ховар»/. Хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар якҷоягӣ бо кормандони Раёсати КДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон, дар минтақаи яке аз дидбонгоҳи сарҳадии зертобеъи Отряди сарҳадии «Панҷ»,  дар натиҷаи амалиёти махсус убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ аз ҷониби қочоқчиёни афғон ва кӯшиши интиқоли маводи мухаддирро пешгирӣ намуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар доданд, ҳангоми гузаронидани амалиёт, гурӯҳи мусаллаҳи қочоқчиёни номаълуми афғон дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ бо сарҳадбонони тоҷик ва кормандони РКДАМ ҶТ рӯ ба рӯ шуданд.

Қочоқчиёни афғон ба амри сарҳадбонони тоҷик итоат накарданд, ки дар натиҷа байни онҳо задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваст.

Дар натиҷаи задухӯрд як нафар қочоқчӣ, Абдураҳмон валади Амонбой шаҳрванди ҶИА истиқоматкунандаи деҳаи Қарлиқи Дашти-арчи безарар гардонида шуда, аз ӯ тақрибан 20 кг маводи мухаддири навъи «ҳашиш» ва 2 кг 200 гр бангдона дарёфт ва мусодира карда шуд.

Нисбати ин ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Август 8, 2016 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад