Ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург мусобиқа оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид

Август 23, 2016 12:03

Душанбе, 23.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар Русия ҳамроҳ бо созмонҳои иҷтимоии зодагони  Тоҷикистон дар вилояти Ленинград ва Санкт-Петербург, 21-уми август дар шаҳри Санкт-Петербург мусобиқа оид ба варзиши миллӣ-  гӯштингирӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои котиби матбуоти намояндагӣ Иброҳим Аҳмадов, мусобиқа дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он наздики 5000 ҳамватанони мо ширкат варзиданд.
Иброҳим Аҳмадов илова намуд: «Дар мусобиқа беш аз 50 варзишгар аз минтақаҳои гуногуни Русия иштирок намуданд. Бино ба иттилои ташкилкунандагон фонди ҷоизавии мусобиқа 900 ҳазор рублро ташкил додааст. Ҳамчунин ғолибон бо дипломҳои фахрии созмонҳои иҷтимоӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Дар охири чорабинӣ, тибқи анъана дастархони идона ороста шуд ва меҳмонону иштирокчиёнро бо палави тоҷикӣ зиёфат доданд».
Чунин чорабиниҳо ба ифтихори Истиқлолияти Тоҷикистон дар минтақаҳои дигари Русия низ гузаронида мешаванд.

Август 23, 2016 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад