Ба истиқболи 25-умин солгарди Истиқлолият зери унвони «Истиқлолият ва дастовардҳои беназири он» чорабинӣ баргузор гардид

Август 10, 2016 12:10

Душанбе, 10.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Истиқлолият ва дастовардҳои беназири он» чорабинӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ, ки таҳти раёсати муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод сурат гирифт, кормандон ва намояндагони ниҳодҳои вазорат аз шаҳру навоҳии кишвар иштирок намуданд.
Иштирокдорон аз дастовардҳои беназири солҳои истиқлолият ёдоварӣ намуда, зикр доштанд, ки барои таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва давлатдорию дигар арзишҳои миллӣ таҳкими волоияти қонун нақши бориз дорад.
Дар интиҳо тазаккур дода шуд, ки маҳз бо шарофати соҳибистиқлолӣ забони қадимаи тоҷикӣ поку беолоиш нигоҳ дошта шуда, бобати равнақи ин арзиши миллӣ давоми 25 соли мустақилияти давлатӣ чораҳои таъхирнопазир андешида шуданд, ки қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатӣ»  аз қабили онҳост.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Август 10, 2016 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад