Барои таҳсил дар донишгоҳҳои Япония аз ҷониби намоядагии JICA дар Тоҷикистон озмун гузаронида мешавад
Душанбе, 18.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони ташкилоти JICA дар Тоҷикистон бо мутахассисони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрданд.
Дар ин бора ба АМИТ Ховар аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ҳамасола тибқи Шартномаи давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати Япония оид ба тайёр намудани кадрҳои баландихтисос барои Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати таҳсил намудан дар донишгоҳҳои кишвари Япония аз ҷониби намоядагии JICA дар Тоҷикистон озмун гузаронида мешавад.
Тӯли солҳои гузашта якчанд нафар кормандони Бонки миллии Тоҷикистон барандаи озмуни мазкур гашта, малакаи корӣ ва савияи дониши худро дар донишгоҳҳои маъруфи давлати Япония такмилу тақвият додаанд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






