Баррасии масоили тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ дар ҳузури Сарвазир
Душанбе, 16.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар ҳузури Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи сеюми Комиссияи доимамалкунанда оид ба тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ баргузор шуд.
Дар ҷаласа роҳбарони вазорату идораҳои мамлакат, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, роҳбарони бонкҳои давлатӣ ва марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ иштирок намуданд.
Дар кори ҷаласа масъалаҳои вобаста ба иҷрои бандҳои дахлдори суратмаҷлиси ҷаласаи дуюми Комиссия, ҳолати корҳои анҷомдодашуда дар самти таъмини либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ ва истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунандаю содиротӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, оид ба масъалаҳои рўзнома ҳисоботи роҳбарони зеркомиссияҳои соҳавӣ шунида шуд.
Тавре таъкид гардид, дар давраи ҳисоботӣ «Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» таҳия гардида, аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор тақвияти истеҳсоли зиёда аз 20 номгўйи маҳсулоти воридотивазкунанда ва содиротӣ пешниҳод шудааст.
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Комиссия, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакатро вазифадор намуд, ки ҷиҳати иҷрои нишондиҳандаҳои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои таъхирнопазир андешида, барои афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири воридотивазкунанда ва содиротӣ аз имконоту захираҳои мавҷуда самаранок истифода намоянд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






