БАЁНИЯИ Конфронси байналмилалии илмию амалии «Бехатарии сейсмикии Осиёи Марказӣ»
25-27 августи соли 2016 ш. Душанбе, Тоҷикистон
Душанбе, 29.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Аз 25 то 27 августи соли 2016 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии илмию амалии «Бехатарии сейсмикии Осиёи Марказӣ» баргузор шуд.
Мақсади асосии конфронс таъсиси платформаи ягона оид ба табодули иттилооти илмию амалӣ, баррасии ақидаҳои олимон, коршиносон ва дигар мутахассисон дар соҳаи амнияти сейсмикии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия, ИМА, Аврупо ва Осиё буд. Теъдоди умумии иштирокчиён 100 нафарро ташкил дод, ки дар байни онҳо олимони намоён, мутахассисон ва кормандони муассисаҳои илмию таҳқиқотии Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Олмон, Норвегия, Фаронса, Италия, ИМА, Чин, Эрон, Афғонистон ва ташкилотҳои байналмилалӣ ҳузур доштанд.
Конфронс дар се бахш: мониторинги сейсмикӣ, паст намудани хатари сейсмикӣ барои шаҳрҳои калон ва амнияти силсиланеругоҳҳои барқии обӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ гузаронида шуд.
Диққати асосии иштирокчиёни конфронс ба муҳокимаи мушкилоти вазъи мониторинги сейсмикӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, табодули таҷрибаи байналмилалии арзёбӣ намудани пасткунии хатари сейсмикӣ барои шаҳрҳои калон ва таъмини амнияти силсиланеругоҳҳои барқии обӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ равона карда шуд. Дар сатҳи минтақа ва кишварҳои алоҳида ташаббусҳои мушаххаси ҷорӣ оид ба паст намудани хатари сейсмикӣ пешниҳод гардида, дастовардҳо дар соҳаи татбиқи он зикр карда шуданд. Муаррифӣ, муҳокима ва намоишҳое, ки дар доираи конфронс гузаронида шуданд, нашр гардида, ба иштирокчиёни он фиристода мешаванд.
Ҷараёни кори конфронс тавассути воситаҳои ахбори омма ба таври васеъ инъикос карда шуд.
Аз рӯи ҷамъбасти маърӯзаҳо ва муҳокимаҳои фаъол иштирокчиёни конфронс ба ақидаи ягонаи зерин омаданд:
— арзёбии хатари сейсмикӣ ва оқибатҳои эҳтимолии иҷтимоию иқтисодии заминларзаҳои сахт, инчунин таҳия ва ташкили чорабиниҳои самарабахш, ки барои коҳиш додани онҳо равона шудаанд, мебояд бо истифода аз усулҳои муосири ГИС- технология ва рушди шабакаҳои муосири рақамии пойгоҳҳои сейсмикӣ гузаронида шаванд;
— барқароркунӣ ва рушди мониторинги сейсмикии минтақавӣ ва ҳамкории мутахассисон дар соҳаи сейсмология ва сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар навбати аввал барои арзёбии хатарҳои сейсмикӣ ва коҳиш додани онҳо дар ин минтақа аҳамияти муҳим дорад;
— зарур аст, ки дастрасии озод ба маълумоти сейсмологӣ дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва таъсиси низоми ягонаи ҷамъ овардан ва коркарди маълумот дар ҳамаи марказҳои сейсмикии минтақаҳо таъмин карда шавад;
— гузаронидани чорабиниҳо доир ба баланд бардоштани дарки хатарҳои сейсмикӣ ва аз ҷониби аҳолӣ муҳим будани огоҳшавӣ дар масъалаҳои сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва мақомоти давлатие, ки барои қабули қарорҳо масъул мебошанд, зарур аст;
— маълумоти таърихӣ ва муоинаҳои сейсмикӣ нишон медиҳанд, ки дар силсиланеругоҳҳои барқии обии минтақаи дарёи Вахш дар 500 соли охир заминларзаҳо бо иқтидори 6 балл аз рӯи ҷадвали MSK-64 рӯй надодаанд. Бинобар ҳамин, сохтмони силсиланеругоҳҳои барқии обӣ, новобаста ба баландии сарбанди об ҳангоми риояи стандартҳои байналмилалии сохтмонӣ ба сатҳи муқаррарии хатари сейсмикӣ мутобиқ мебошад.
Иштирокчиёни конфронс пешниҳодҳои зеринро мувофиқи мақсад медонанд:
— ба муттаҳидӣ ва ҳамоҳангсозии кӯшишҳои олимон ва мутахассисон оид ба табодули маълумоти сейсмикӣ ҳам дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳам бо марказҳои байналмилалӣ бо мақсади кам намудани хатар аз заминларзаҳои эҳтимолии маҳаллӣ ва назди сарҳадӣ мусоидат карда шавад;
— корҳои илмию таҳқиқотӣ бо пешбинии оқибатҳои заминларзаҳои сахт ва ташкили чорабиниҳои самарабахш оид ба кам кардани зарарҳои иҷтимоию иқтисодӣ бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ дастгирӣ карда шаванд;
— барои татбиқи лоиҳаҳои мухталиф ҷиҳати таъмини амнияти аҳолӣ аз заминҷунбӣ, арзёбӣ ва паст намудани хатари сейсмикӣ барои шаҳру ноҳияҳои гуногуни Осиёи Марказӣ мусоидат карда шавад;
— дар самти мубодилаи наздисарҳадии иттилоот оид ба масъалаҳои ҳодисаҳои фавқулода (аз ҷумла тағйирёбии ҷаҳонии иқлим) сиёсати ҳамгиро коркард шавад;
— барои таъсис додани марказҳои минтақавии ҷамъоварӣ, ҳифз ва табодули иттилоот мусоидат карда шавад;
— барои оҷилан ҷорӣ намудани низоми мониторинги сейсмикӣ дар минтақаҳои пайдошавии зилзилаҳои сахт мусоидат карда шавад;
— дар асоси натиҷаҳои илмии бадастовардашуда ба диққати шахсони қабулкунандаи қарорҳо ва аҳолии минтақа расонида шавад, ки ба сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ ва истифодаи онҳо хатар таҳдид намекунад;
— натиҷаҳои корҳои илмию таҳқиқотии олимон ва муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ дар амалияи тамоми ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ, сохтмонӣ ва дигар ташкилотҳо, ки дар ин самт фаъолият доранд, истифода карда шаванд.
Татбиқи чорабиниҳои номбаршуда имконият медиҳад, ки ҳаҷми зарар ва талафот ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулода ба андозаи ҳадди ақал кам карда шаванд.
Иштирокчиёни конфронс ба таври иловагӣ чунин қарор қабул намуданд:
— аз донорҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ хоҳиш карда шавад, ки лоиҳаҳо ва барномаҳои ба таҷдиди шабакаҳои сейсмикии амалкунанда ва коҳиши хатари сейсмикӣ равонашударо дастгирӣ намоянд;
— баргузории конфронсро босамар ҳисобида, ба муассисаҳои илмии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар самти таъмини бехатарии сейсмикӣ фаъолият мекунанд,тавсия дода шавад, ки минбаъд гузаронидани ҳамин гуна конфронсро бо давомоти на камтар аз як маротиба дар се сол доир намуда, ба кори он олимони варзидаи минтақа ва ҷаҳон ҷалб карда шаванд;
— баёнияи конфронс дар сомонаи интернетии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар захираҳои интернетии ВАО-и кишварҳои Осиёи Марказӣ нашр карда шавад, инчунин ба иштирокчиёни конфронс, институтҳо ва марказҳои илмию таҳқиқотии манфиатдор, ташкилотҳои байналмилалӣ, ҳукуматҳои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳои манфиатдор фиристода шавад.
Иштирокчиёни конфронс барои ташаббус дар ташкил ва гузаронидани конфронси мазкур ба Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдорӣ баён мекунанд.