«Базморо» рақси тоҷикиро дар Фестивали байналмилалии «Осиё дар рақс» муаррифӣ мекунад
Душанбе, 25.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз 27 август то 4 сентябри соли равон дар Ҷумҳурии Корея Форум ва Фестивали байналмилалии «Осиё дар рақс» баргузор мегардад.
Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Мақсад аз баргузории фестивали мазкур- ин арҷгузорӣ ба арзишҳо ва мероси ягонаи инсоният бо роҳи намоиши рақсӣ, форумҳои байналхалқӣ ва машғулиятҳои фарҳангӣ, инчунин таҳким бахшидани муносибатҳои фарҳангӣ байни кишварҳо мебошад.
Ба иттилои Вазорати фарҳанг, дар Фестивали мазкур ансамблҳои рақсии Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо» рақси тоҷикиро муаррифӣ мекунанд.
Ҳайати рақсиро коршиносони миллӣ оид ба мероси фарҳангӣ роҳбарӣ менамоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






