Безараргардонии беш аз 5 ҳазор кило меваҳои субтропикии аз АМА вориднамудаи ширкати «Ҳоҷӣ Аслон»

Август 19, 2016 11:39

Душанбе, 19.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз панҷ ҳазор кило меваҳои субтропикии вайроншуда — ананас ва манго таҳти низоми гумрукии «нобудкунӣ» дар партовгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ аз ҷониби кормандони Хадамоти гумрук ва Агентии «Тоҷикстандарт»  дар ҳузури намояндаи ширкати «Ҳоҷӣ Аслон» нобуд ва безарар гардонида шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
МангоБояд тазаккур дод, ки аз Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) тавассути воситаи нақлиёти боркаш, рақами қайди давлатиаш 8944 МR3158 ба унвони ширкати «Ҳоҷӣ Аслон» ба маблағи наздик ба 20 ҳазор доллари амрикоӣ  қариб 22 ҳазор кг мева, аз қабили себ, нок, апелсин,  ананас, анор ва манго ба қаламрави  гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд. Ҳангоми интиқоли қариб 22 ҳазор кг меваҳои субтропикӣ  4 200 кг ананас  ва 825 кг манго бинобар сабаби вайрон шудан дар асоси хулосаи мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» истеъмолашон зарарнок арзёбӣ гардида, ба онҳо сертификати мутобиқат дода нашуд.
Дар натиҷа беш аз 5 ҳазор кг ананас ва манго таҳти низоми гумрукии «нобудкунӣ» ба расмияти гумрукӣ дароварда шуданд.

Август 19, 2016 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад