Бори аввал дар таърихи Роҳи оҳани Тоҷикистон: Ҳаракати қатораҳо аз тариқи хатсайрҳои нави Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб ва Душанбе-Қурғонтеппа-Хушодӣ ба роҳ монда мешавад!
Душанбе, 19.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Роҳи оҳани Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи аҳолии ҷумҳурӣ мерасонад, ки бори аввал дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қитъаи роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб пайваст гардида, ҳаракати қатораҳои мусофирбари хатсайрҳои нави Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб ва Душанбе-Қурғонтеппа-Хушодӣ ба роҳ монда мешавад.
Қатораҳо аз Душанбе рӯзҳои якшанбе ва панҷшанбе соати 8-00, аз Кӯлоб рӯзҳои душанбе ва ҷумъа соати 8-00 ва аз Хушодӣ рӯзҳои душанбе ва ҷумъа соати 8-50 ҳаракат хоҳанд кард.
Дар роҳкирои қатораҳои мазкур 50% тахфиф пешниҳод карда шуда, инчунин ба мусофирон барои ройгон кашонидани то 40 кг бори дастӣ иҷозат дода мешавад.
Ҳамзамон ба таваҷҷуҳи роҳбарони корхонаҳои истеҳсоливу саноатӣ ва соҳибкорону тоҷирон расонида мешавад, ки дар ин масир қатораҳои боркаши роҳи оҳани Тоҷикистон барои бо нархҳои нисбатан арзон кашонидани маҳсулоти мавриди ниёзи аҳолӣ омода мебошанд.












Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад






