Дар Академияи илмҳои ҶТ оид ба масъалаҳои амнияти сейсмикии сарбандҳои неругоҳҳои барқи обӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ конфронси илмӣ доир мешавад

Август 24, 2016 08:29

Душанбе, 24.08.2016. /АМИТ «Ховар»/.  Дирӯз президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ бо хабарнигорони ватанӣ  нишасти матбуотӣ доир намуд. Дар он Фарҳод Раҳимӣ  оид ба мақсад ва аҳамияти ташкил ва баргузории Конфронси байналмиллалии илмию амалӣ, ки  дар мавзӯи «Аҳамияти сейсмикӣ дар Осиёи Марказӣ» 25-27 августи соли равон баргузор мегардад,  маълумот дода,  вобаста ба масъалаҳои амнияти сейсмикии сарбандҳои неругоҳҳои барқи обӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ, гузаронидани мониторинги сейсмикӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ, муттаҳид намудани неруи сейсмологҳои минтақа ҷиҳати паст намудани хатари заминларзаҳо дар кишварҳои ҳамҷавор, дурнамои таъсиси низоми ягонаи мушоҳидаҳои сейсмологии Осиёи Марказӣ, ҷалби донорҳои байналмиллалӣ ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба амнияти сейсмикӣ   сухан кард.
Ҳамчунин президенти Академияи илмҳо иброз дошт, ки мақсад аз баргузории Конфронси байналмиллалии илмию амалӣ дар мавзӯи «Аҳамияти сейсмикӣ дар Осиёи Марказӣ»- ин ба самъи иштирокдорон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ расонидани натиҷаи таҳқиқоти зиёда аз 60- солаи олимони тоҷик дар масъалаи мониторинги заминларза, омори заминларза ва оқибатҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Август 24, 2016 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад