Дар Беларус Форуми байналмилалии «Фарҳанги анъанавӣ чун асоси рушди босуботи ҷомеа» доир мегардад
Душанбе, 31.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Аз 11 то 15 октябри соли равон дар шаҳри Могилеви Ҷумҳурии Беларус форуми байналмилалии «Фарҳанги анъанавӣ чун асоси рушди босуботи ҷомеа» баргузор мегардад. Тавре аз Вазорати фарҳанги кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар доираи форуми мазкур инчунин баргузории «Мероси халқии рақс ва суруд: аз анъана то имрӯз» дар назар аст.
Мақсади асосии баргузории форуми «Фарҳанги анъанавӣ чун асоси рушди босуботи ҷомеа»- ин ташкили фазои байналмилалӣ барои омӯзиши таҷрибаи дигар кишварҳо оид ба ҳифзи фарҳанг ва маданияти анъанавӣ, муайян намудани дурнамои ҳифз ва рушди он, нақши мақомоти роҳбарӣ ва муассисаҳои фарҳангӣ дар ҳифзу тарғиби арзишҳо ва мероси фарҳангӣ мебошад.
Форум соли 2012 аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Беларус ташкил шуда, то инҷониб баргузор мегардад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






