Дар Беларус машқҳои навбатӣ бо неруҳои сулҳовари СААД таҳти унвони «Бародарии шикастнопазир-2016» гузаронида мешаванд

Август 22, 2016 17:28

Душанбе, 22.08.2016 / АМИТ «Ховар» /. Дар Ҷумҳурии Беларус аз 23 то 27 августи соли 2016 машқҳои навбатӣ бо неруҳои сулҳовари Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) таҳти унвони «Бародарии шикастнопазир-2016» гузаронида мешаванд, ки он бояд ба қисми муҳими омодагии фаврӣ ва ҳарбии ҷузъҳои гуногуни неруҳои СААД дар соли равон табдил ёбад. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти СААД иттилоъ доданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти СААД, «тибқи нақша ин панҷумин машқҳои сулҳовари СААД мебошад, ки дар шаҳри Барановичи Беларус дар машқгоҳи ҳарбии «Обуз-Лесновский» гузаронида мешавад. Ривояти расмии машқҳо — «Омодагӣ ва пешбурди амалиёт оид ба посдории сулҳ аз ҷониби  неруҳои дастаҷамъии сулҳи (НДС) СААД мебошад».

Зимнан, мақсади машқҳо дур шудан аз қолибҳои маъмулӣ ва такмили як қатор навовариҳои муфидро дар назар дорад, ки усулҳои нави иҷрои вазифаҳои посдории сулҳро дар ҷараёни амалиёти пурра оид ба пуштибонии сулҳ инъикос менамояд.

Барои нахустин бор СААД CCM ваколати Шӯрои Амнияти СММ-ро ба даст мегирад ва дар минтақаи буҳронӣ дар ҳамкорӣ бо миссияи СММ амал хоҳад кард. Кори мақсаднок дар самти беҳтар намудани захираҳои сулҳоварии СААД аз таваҷҷуҳи  намояндагони созмонҳои дигари байналмилалӣ дур намемонад. Ба машқҳо намояндагони Котиботи СММ ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх даъват шудаанд.

Дар машқҳо беш аз 1000 нафар афсарону сарбозони сулҳовар аз ҳайати неруҳои мусаллаҳ, неруҳои дохилӣ ва полиси ҳамаи шаш давлатҳои узви СААД (Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон), зиёда аз 500 адад таҷҳизоти авиатсионӣ, мошинҳои зиреҳпӯш ва автомобил ширкат меварзанд.

Дар марҳилаи ниҳоии машқҳо, дар ҷараёни коркарди давраи фаъоли машқҳо аз рӯи ҳашт ҳодисаи тактикӣ дабири кулли СААД Николай Бордюжа, намояндаи доимии Федератсияи Русия дар Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) Александр Грушко, намояндаи вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Сербия Д.Арсениевич ва як гурӯҳ  шахсони расмӣ иштирок мекунанд.

 

Август 22, 2016 17:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад