Дар «Боғи Пойтахт» нахустин Бозиҳои миллии варзишгарони маъюб гузаронида мешавад

Август 23, 2016 12:08

Душанбе, 23.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар арафаи оғози бозиҳои параолимпӣ бо дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти «Оперейшн Мерси», Кумитаи миллии параолимпӣ ва Федератсияи варзишгарони маъюби Тоҷикистон иқдом намудааст, ки  нахустин Бозиҳои миллии варзишгарони маъюбро бо аробачаи маъюбӣ  баргузор намояд.
Тавре раиси Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон Асадулло Зикрихудоев хабар дод, бозиҳои параолимпӣ дар майдончаи «Боғи Пойтахт» 24 август соати 17:30 гузаронида шуда, варзишгарон аз намудҳои баскетбол, волейбол, пойга, рақс дар аробачаҳои маъюбӣ ҳунарнамоӣ мекунанд.
Асадулло Зикрихудоев гуфт, ки мақсад аз баргузории бозиҳои миллии варзишгарони маъюб- ин нишон додани нақши воситаҳои тавонбахшӣ барои фаъол будани шахсони имконияташон маҳдуд мебошад.

Август 23, 2016 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад