Дар даври ниҳоии Фестивал- озмуни «Андалеб-2016» ҳаваскорони шаҳри Роғун 93,2 хол ба даст оварданд

Август 15, 2016 15:59

Душанбе, 15.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев дар  даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016», ки аз 12 август оғоз гардида, то 23 августи соли равон   идома меёбад,   ҳаваскорони  шаҳри Роғун намунаи ҳунарҳои мардумиро намоиш дода, бо  барномаи консертӣ  хотири ҳаводорони мусиқиро  шод гардониданд.
Ҳаваскорони шаҳри Роғун дар иҷрои навозиши якка бо думбра соҳиби 10 хол (баҳои баландтарин)  ва барои суруди якка  9,7 холро  сазовор гардиданд. Дар маҷмӯъ ҳунармандони шаҳри Роғун  93,2 хол ба даст оварданд.
Хотиррасон менамоем, ки даври ниҳоии Фестивал- озмуни мазкур бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ  ва барномаи консертии ҳаваскорони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оғоз гардид. Ҳунармандони ноҳияи мазкур  ба гирифтани 100,6 хол сазовор гардида, дар айни ҳол аз дигарон пешсафанд.

Август 15, 2016 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад