Дар Душанбе Рӯзи варзишгарон таҷлил гардид

Август 10, 2016 16:41

Душанбе, 10.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ чорабинии оммавии варзишиву солимгардониро бахшида ба Рӯзи варзишгарон баргузор  намуданд, ки дар он зиёда аз 1000 нафар варзишгарон ва дӯстдорони варзиш ширкат варзиданд.

 

 

AbdullozodaАҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  зимни ифтитоҳи чорабинӣ зикр намуд, ки маҳз бо таваҷҷуҳи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар кишвар  соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Давлату Ҳукумат маҳсуб шуда, тамоми санадҳои дахлдор ба хотири таъмини оммавияти варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат намудан ба омодакунии варзишгарони касбӣ ва ба ин васила муаррифӣ намудани давлату миллат дар арсаи байналмиллалӣ рӯйи кор омадааст.

«Мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 январи соли 2016 8590 иншооти варзишӣ новобаста ба шакли моликияташон дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудаааст, ки аз ин теъдод 111 варзишгоҳ, 6056 майдончаи варзишӣ, 1610 толорҳои варзишӣ, 83 ҳавзҳои шиноварӣ ва 730 маҷмааҳо, иншоотии махсуси варзишӣ, аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ фаъолият менамоянд», — илова намуд А.Абдуллозода.

А.Абдуллозода ҳамчунин такид намуд, ки имрӯзҳо дар шаҳри Рио Де-Жанейрои Бразилия Бозиҳои ХХХI тобистонаи олимпӣ идома доранд ва боварам комил аст, ки варзишгарони мо бо дастоварҳояшон дар ин чорабинии бонуфуз Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд.

Сипас, тарбиятгирандагони Донишкадаи давлатии тарбияи ҷисмонӣ ба номи С.Раҳимов ва Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ ва мактабҳои варзишии назди Кумита машқҳои варзиширо пешкаши иштирокдорони чорабинии варзишӣ гардониданд.

Август 10, 2016 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад