Дар Файзобод семинари омӯзишӣ-ҳуқуқӣ доир гардид

Август 12, 2016 17:33

Файзобод, 12.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. 11 — 12 августи соли равон дар  Қасри фарҳанги ноҳияи Файзобод бо иштироки адвокатҳои Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зиёда аз 40 нафар кормандони соҳаҳои гуногуни ноҳия дар мавзӯъҳои «Зӯроварӣ дар оила», «Ҳуқуқҳои дастгиршудагон», «Баробарии ҷинсӣ-гендерӣ», «Муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак» ба қурбониёни савдои одамон» семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Семинар бо ташаббуси Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ ташкил гардидааст.
Адвокат.2Узви Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Маҳмадиев иброз дошт, ки тибқи талаботи моддаи 92 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрии ҳуқуқӣ дар тамоми марҳилаҳои тафтишотӣ мурофиаҳои судӣ кафолат дода мешавад, аз ин рӯ мақсади баргузории чунин семинарҳо баланд бардоштани дониши ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгири зуроварӣ дар оила ва баробарҳуқуқии зану мард дар назди қонун ё ин ки баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа мебошад.

Август 12, 2016 17:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст