Дар Хоруғ Форуми соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ оғоз гардид

Август 24, 2016 15:43

Хоруғ,  24.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Форуми навбатии соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ бо ширкати масъулини бархе аз вазорату кумитаҳои марбутаи кишвар ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ба кори худ оғоз кард. Сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Латиф Шоҳзода гуфт, панҷ сол аст, ки ин форум дар вилоят доир мешавад ва дар баланд бардоштани сатҳи омодагии соҳибкорони маҳаллӣ ба гуфтугӯ ва ҳамкорӣ бо сармоягузорону донорҳо, фароҳам овардани шароит барои ҷалби ҷавонону занон ба фаъолияти соҳибкорӣ нақши муассир мегузорад. Қабл аз форум ба унвони кумитаи тадорукотӣ даҳҳо бизнес-нақшаҳо ворид шуданд, ки дар давоми ду рӯз ҳамаашон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода мешаванд.
Бунёди корхонаҳои хурди коркарди пашму пӯст, сабзавоту меваҷот, парвариши занбӯри асал, моҳӣ, рушди риштаи сайёҳӣ барномаҳое ҳастанд, ки соҳибкорон ба онҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир кардаанд. Пас аз мунозираву муҳокимаҳо беҳтарин барномаҳо баргузида ва барои маблағгузорӣ ба саромягузорони ватанию берунӣ пешниҳод мегарданд.
Форум бо ибтикори Кумитаи давлатии сароягузорӣ ва амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамасола дар охири моҳи август дар шаҳри Хоруғ баргузор мегардад.

Август 24, 2016 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад