Дар Кӯлоб конфронси «Ҷавонон зодаи Истиқлолият — созандагони боэътимоди Ватан» доир шуд

Август 9, 2016 10:57

Кӯлоб, 09.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Китобхонаи вилоятии ба номи С. Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба 25-солагии Истиқлолиятии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҷавонон зодаи Истиқлолият — созандагони боэътимоди Ватан» Конфронси  илмию  амалӣ доир шуд.
Конфронс бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар вилояти Хатлон доир гардида, дар он вобаста ба масъалаҳои нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ,  дастгириҳои Давлату Ҳукумат  нисбати қишри ҷавони  ҷомеа ва нақшаҳо дар роҳи созандагии фардои ватан изҳори андеша карда шуд.
Тавре аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Кӯлоб хабар доданд, ТҶҶ «Созандагони Ватан»  чунин  нишасту вохӯриҳоро бо ҷавонон бахшида ба 25-солагии Истиқлолиятии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон доир хоҳанд кард.

Август 9, 2016 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад