Дар лагери маърифативу солимгардонии шаҳри Хуҷанд 200 нафар ҷавонони фаъол ба фароғат фаро гирифта шуданд
Душанбе, 26.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз 14-ум то 25-уми августи соли равон 200 нафар ҷавонони фаъоли вилояти Суғд бо дастгирии раиси вилоят дар истироҳатгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» ба истироҳату фароғат фаро гирифта шуданд.
Ин ташаббус бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ ва мустаҳкам намудани дӯстӣ миёни ҷавонон роҳандозӣ гардидааст. Ҷавонписарону ҷавондухтарони фаъол аз минтақаҳои гуногуни вилояти Суғд беш аз даҳ рӯзи худро дар ин истироҳатгоҳ хушу хотирмон сипарӣ намуданд.
Дар маросими пӯшидадашвии лагери маърифативу солимгардонӣ сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Зариф Мирдадо ба ҷавонони фаъол туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Муддати истироҳат дар лагери мазкур бо пешниҳоди маҳфили ҷолиби фарҳангӣ ба анҷом расид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






