Дар Могадишо бар асари ҳамлаи ҷангиён ба тарабхона 6 нафар ҳалок гардиданд
Душанбе, 26.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахти Сомали-шаҳри Могадишо бар асари ҳамлаи ҷангиёни гурӯҳи ифротии «Аш-Шабоб» ба тарабхона на кам аз 6 нафар ҳалок гардиданд. Дар ин бора агентии «DPA» бо истинод ба полиси маҳаллӣ ва шоҳидон хабар дод.
«Бар асари ҳамла дар соҳили Могадишо на кам аз 6 нафар ҳалок гардиданд»,- навиштааст манбаъ.
Чанде пеш иттилоъ дода шуд, ки дар назди тарабхона дар соҳили Лидо мошини бо дастгоҳи тарканда муҷаҳҳаз инфиҷор гардид ва пас аз он тирпарронӣ сурат гирифт.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






