Дар ноҳияи Хуросон як зумра иншооти наву замонавии таъиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд

Август 20, 2016 13:00

Душанбе, 20.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар доираи татбиқи сиёсати созандаи бунёдкорӣ ва ободонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи чорбиниҳои омодагии сазовор ба истиқболи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон як зумра иншооти наву замонавии таъиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Дар расми ифтитоҳи иншооти мазкур Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода иштирок намуд.

Нахуст бо иштироки Сарвазири мамлакат дар кўчаи Исмоили Сомонии  ҷамоати шаҳраки Обикиик бинои нави Қасри фарҳанг мавриди  баҳрабардорӣ  қарор  дода  шуд. Бинои  нави Қасри фарҳанг  бо  маблағгузории  соҳибкори  ватандўст Амонулло Асадуллоев дар муддати беш аз як сол бунёд  гардида,  5 ҳуҷраи корӣ, ду толор  ва чор пешайвони барҳаво дорад. Қасри фарҳанг дар мавзеи наздик  ба  гулгашти зебо, чойхона ва  шохрохи асосии Душанбе-Қурғонтеппа ҷойгир буда, дар он оянда 17 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Соҳибкори ватандўст дар ҳамин маҳалла ҳамчунин меҳмонхона бо маркази хизматрасонии маишӣ бунёд намудааст, ки дар ин рўз  мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Бинои асосии ин иншоот аз се ошёна иборат буда дар он шароити созгори истиқомат барои меҳмонон ва хизматрасонии гуногун  барои аҳолии ноҳия  фароҳам  оварда шудааст. Иншооти навбунёд аз 6 толор, 4 маркази савдо, тарабхона, ду ошхона ва дигар иншооти хизматрасонӣ иборат буда, дар он 36 нафар бо ҷойи кор таъмин гардидааст, ки асосан аз ҳисоби сокинони ноҳия мебошанд. Сарвазири  мамлакат ба сифати корҳои сохтмонии Қасри фарҳанги ноҳия ва меҳмонхонаю  маркази  хизматрасонии  маишӣ баҳои баланд дода, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин иншоотро туҳфаи арзандаи Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони ноҳияи Хуросон дар остонаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ кард.

Дар кўчаи Исмоили Сомонии ҷамоати шаҳраки Обикиик ҳамчунин дар ин рўз бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Бинои нави бахши №55 –и Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонбонк» дар ноҳияи Хуросон ва як Маркази нави таълимию касбомўзӣ ба истифода дода шуд.

Бинои нави бахши «Амонатбонк» дар ноҳия аз ду ошёна иборат буда, бо фармоиш ва аз ҳисоби маблағҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонбонк» дар давоми як солу се моҳ сохта шудааст. Тарҳу  услуби  сохтмони хоси хизматрасонии бонкӣ буда аз 10 утоқи кории барҳаво ва нуқтаҳои хизматрасонии бонкӣ иборат мебошад.  Бояд  гуфт, ки дар бахши  «Амонатбонк»  дар  ноҳияи  Хуросон  29  нафар кор мекунанд, ки баъди мавриди истифода қарор гирифтани бинои нав 17 нафари онҳо дар ҳамин бино ба кори бонкӣ машғул хоҳанд шуд. Бахши Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон ҳамчунин чор маркази хизматрасонии бонкӣ, се нуқтаи интиқоли маблағҳо ва мубодилаи асъор дошта,  ба 7 ҳазор 171 нафақахур  хизмат менамояд. Шумораи дорандагони кортҳои ин бонк  дар  ноҳия  ҷамъ  аз  ҳисоби ташкилотҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ ва  бо назардошти нафақагирон ба 11 ҳазору 935 нафар баробар мебошад.

Дар ноҳияи Хуросон ҳамчунин  Маркази нави таълимии  касбомўзӣ мариди истифода қарор дода шуд. Ин марказ аз бинои асосии 2 ошёна ва бинои ёрирасони як ошёна иборат буда, аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки Исломии Рушд бунёд гардидааст. Корҳои сохтмони марказ бо фармоиши Гурўхи татбиқи лоиҳаҳои таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна аз ҷониби пудратчӣ Ҷамъияти саҳҳомии пўшидаи «Сохтмони махсус» бо сифати хуб анҷом дода шудааст. Баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани маркази таълимӣ – касбомўзӣ  16 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, хоҳишмандони ҳунаромўз метавонанд аз хизматрасонии он ба таври васеъ истифода намоянд.

Дар деҳаи Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳияи Хуросон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар расми ифтитоҳи бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 19 иштирок кард. Бинои нави иловагӣ бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, аз ду ошёна иборат мебошад ва барои 500 нафар дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Дар ҳамин ҷамоати деҳот як мактаби дигар барои 500 нафар хонанда дар ду баст мавриди  баҳрабардорӣ қарор   дода   шуд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 60 аз  ду ошёна иборат буда, синфхонаҳои барҳавою замонавӣ дорад. Корҳои сохтмонии муассисаҳои таълимии мазкур дар давоми як сол бо сифати баланд анҷом дода шудааст.

Тавре гуфтем, ифтитоҳи силсилаи иншооти таъиноти гуногун дар ноҳияи Хуросон идомаи тадбирҳои бунёдкорию ободонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда оянда ба беҳдошти сатҳи зиндагии боз ҳам беҳтару хубтари сокинони ноҳия, фароҳамсозии ҷойҳои зиёди кории нав, муосиркунонии шароити  таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ   ва ба касбомўзӣ ҷалб намудани шумораи хоҳишмандон аз ҳисоби аҳолии бекор мусоидат хоҳад кард.

 

Август 20, 2016 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Илму маориф ва рушди сармояи инсонӣ — дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Аз байн бурдани коррупсия омили пешрафти ҳар давлат аст
ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи интихоботии якмандатии Ҳамадонӣ, №35 номзад пешбарӣ намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз ҳавзаи якмандатии Исфара, №20 номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид
Бозорҳо, хатсайрҳо, терминалҳо: МегаФон Тоҷикистон шабакаи толорҳои алоқаи худро васеъ намуд
ҲХДТ дар ҳавзаи интихоботии якмандатии Муъминобод, №38 номзад пешниҳод намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Мулоқоти сеҷонибаи сарвазирони Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор гардид
Сӯхтори ҷангал дар Калифорния беш аз 300 гектарро фаро гирифтааст
Лондон аз рӯи танбашавии нақлиёт байни шаҳрҳои Аврупо дар ҷойи якум қарор гирифт