Дар ноҳияи Панҷ ба истиқболи 25-солагии Истиқлолият як зумра иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд
Душанбе, 27.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сиёсати созандагию бунёдкории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба истиқболи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон як зумра иншооти муҳим мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки дар расми ифтитоҳи онҳо Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода иштирок намуд.
Бо назардошти он, ки соҳаи маориф дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама давру замон мақоми шоиста дорад, дар соли таҷлили ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба рушду пешрафти ин соҳаи ҳаётан муҳим афзалияти бештар дода шудааст. Дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон нахустин иншооте, ки дар остонаи таҷлили ҷашни умумимиллӣ бо иштироки Сарвазири мамлакат мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 мебошад. Мактаб дар ҷамоати шаҳраки Панҷ ҷойгир буда, барои 1300 толибилм дар ду баст пешбинӣ шудааст. Бинои асосии мактаб 2 ошёна ва дорои 28 синфхона, 10 утоқи корӣ, толори фарҳангӣ ва толори варзишӣ мебошад. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд бунёд гардида, ду китобхона дорад, ки якеаш китобхонаи электронӣ аст. Корҳои сохтмони мактаб бо фармоиши Гурўҳи татбиқи лоиҳаҳои таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна оғоз гардида, дар давоми як сол анҷом дода шуд.
Сипас дар ҳамин шаҳрак бинои нави Раёсати андози ноҳияи Панҷ мавриди истифода қарор дода шуд. Сохтмони бинои нави маъмурии нозироти андоз дар ноҳияи Панҷ моҳи ноябри соли 2015 оғоз гардида, пудратчӣ ҶДММ «Осари» ва лоиҳакаш ҶДММ «Созанда 2012» мебошанд. Бинои хуштарҳу замонавии нозироти андози ноҳия бо маблағи зиёда аз 2, 7 млн. сомонӣ сохта шуда, аз таҳхона, 2 ошёна , 8 утоқи корӣ, толори калон барои пешниҳоди эъломияҳо, толори маҷлис, ҳуҷраи бойгонӣ ва дигар ҳуҷраҳои техникию ёрирасон иборат аст.
Дар ин рўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҳамчунин дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани коргоҳи дузандагии «Бонувони Панҷ» иштирок кард. Ин коргоҳ, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Камолиддин Каримов бунёд гардидааст, дар ду ошёна ҷойгир буда, барои 20 ҷойи нави корӣ пешбинӣ шудааст. Дар коргоҳи нави дўзандагӣ коргарон асосан аҳолии таҳҷойии ноҳияи Панҷ мебошанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 90 – солагии профессор Муқаддима Ашрафӣ конференсия баргузор шуд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Намояндагони парлумонҳои Туркия, Узбекистон ва Озарбойҷон дар Осорхонаи миллӣ бо шоҳкориҳои нодири ниёгонамон шинос шуданд
Рӯзи ҷавонон на танҳо ҷашн, балки рӯзи умеду орзуҳо ва масъулияти насли ояндасози Тоҷикистон аст
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Турсунзода бо сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд






