Дар ноҳияи Ёвон беш аз 500 иншооти таъйиноти гуногун бунёд гардиданд
Ёвон, 29.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар давраи истиқлолияти давлатии кишвар дар ноҳияи Ёвон сохтмончиён дар ҳар гӯшаву канори ноҳия беш аз 500 иншооти гуногунтаъйинот бунёд намудаанд, ки корхонаҳои «Ғаюр», «Ато», «Ист-Коттон НФР», «Хима текстил», «Хуаксин Ғаюр семент», «Ваҳдат», «Комрон Агро Холдинг», «Фабрикаи мурғи беҳамто», «Хуаҷиан Ғаюр Индастриал», «Ҷунгтсай Моҳир семент», «Криолит», 10 бинои баландошёнаи истиқоматӣ, 14 муассисаи нави таълимӣ, даҳҳо биноҳои нави таълимӣ ва садҳо синфхонаҳои иловагӣ, биноҳои филиалҳои «Тоҷиксодиротбонк», «Агроинвестбонк», Прокуратура, «Терминали Ёвон», биноҳои зиёди маъмурӣ, 2 меҳмонхона, беш аз 10 иншооти варзишӣ, се тарабхонаи хуштарҳи замонавӣ, беш аз 120 гармхона ва даҳҳо маркази савдову хизматрасонӣ аз ҷумлаи онҳоянд.
Дар ҳудуди ноҳияи Ёвон қариб 30 адад субъекти пудратию сохтмонӣ мавҷуданд, ки аксари онҳо ғайридавлатӣ ва хусусӣ буда, асосан баъд аз солҳои 2000-ум таъсис ёфтаанд. Ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди ноҳия, ки фаъолияти сохтмонӣ доранд, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар амри таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва ғанӣ гардидани буҷети ноҳия саҳми босазо мегузоранд.
Дар даврони истиқлолияти давлатӣ тавассути фаъолияти пурмаҳсули корхонаҳои сохтмонӣ дар ноҳияи Ёвон бунёди иншооти таъйиноти гуногун вусъати тоза гирифт. Агар дар соҳаи сохтмони ноҳия дар оғози панҷсолаи панҷуми Истиқлолияти давлатии кишвар (соли 2012) азхудкунии маблағҳои асосӣ 57 млн. 218 ҳазор сомониро ташкил дода бошад, пас, ин рақам дар соли 2015 ба 124 млн. сомонӣ ва дар 5 моҳи аввали соли 2016 ба 215 млн. 515 ҳазор сомонӣ расидааст.
Субъектҳои сохтмонӣ, аз қабили ҶДММ «Ғаюр», ҶСП «Муқим», ҶДММ «Наврӯз», ҶДММ «Зуҳали Убайдулло», ҶДММ «Ваҳдат», ҶДММ «Ҳадяи Оллоҳ», ҶДММ «Хуанфантсюй синю сохтмон», ҶДММ «Хуаксин сохтмон», ҶДММ «Прогресс», ҶДММ «Сабри Ёвон», ҶДММ «Эксперт-саноат» ва чанде дигар дар бунёди иншооти саноатӣ, таълимӣ, тандурустӣ, фарҳангиву фароғатӣ, хизматрасониву маишӣ ва биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ саҳми арзанда доранд.













Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст






