Дар Нуробод вобаста ба шомил нагардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ вохӯриҳо доир мешаванд
Нуробод, 23.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолону собиқадорони ноҳия дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо занону духтарон ва ҷавонону волидайни онҳо оид ба пешгирии хушунат дар оила, сӯиқасд ба ҷони худ, дурӣ ҷустан аз фарҳанги бегона, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва шомил нагардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ вохӯриҳо доир менамоянд.
Дар вохӯриҳои судманд кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва имомхатибону фаъолону собиқадорон аз ҷавонону падару модарон даъват ба амал оварданд, ки зиракиро аз даст надода, ба суханҳои хоинони ватан гӯш наандозанд, ба ваъдаҳои дурӯғ бовар накунанд, шукронаи тинҷию оромии кишварро карда, насиҳатҳои падаронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи зиндагии хеш қарор диҳанд.
Мақсади асосии вохӯрию ҳамкорӣ бо сокинон -пешгирии ҳар гуна амалҳои номатлуб ва пешгирии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ мебошад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






