Дар олимпиадаҳои байналмилалӣ хонандагон ба дастовардҳои назаррас ноил гаштанд

Август 2, 2016 10:58

Душанбе, 02.08.2016. /АМИТ «Ховар»/.  Аз 23 июл то 1 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Тифлиси Ҷумҳурии Гурҷистон Олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни кимиё дар байни 90 давлати дунё баргузор гардид, ки дар он дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзид.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро 5 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар Фаррухҷон Баротов, Азиз Ахмедов, Рамазон Зиёев, Насимҷон Шамсуддинов ва Маҷид Иномов муаррифӣ намуданд.
Тавре аз Вазорати   маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар олимпиада ду нафар хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар Фаррухҷон Баротов ва Азиз Ахмедов сазовори ҷои сеюм гардида, Парчами Тоҷикистонро баланд бардоштанд. Иштироки мунтазам ва дастовардҳои назарраси хонандагон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ба онҳо имкон дод, ки дар олимпиадаи ҷаҳонӣ ширкати фаъолона намуда, ғолибиятро ба даст оранд.
Бино ба иттилои манбаъ,  даври интихобии ин олимпиадаро  Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар шаҳри Душанбе марҳила ба марҳила баргузор намуда, аз байни зиёда аз 100 нафар хонандагони беҳтарини муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо бартарияти холҳои бадастовардашуда аз фанни кимиё як даста муайян карда шуд.
Бояд зикр намуд, ки аз аввали сол инҷониб хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, ки дар Қазоқистон, Ҳолланд, Гурҷистон, Руминия, Гонконг, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Федератсияи Русия, Ветнам ва Швейтсария баргузор гардиданд, сазовори 108 медал, 19 ҷои якум, 32 ҷои дуюм ва 59 ҷои сеюм гардиданд.

Август 2, 2016 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд