Дар Олимпиадаи Рио-2016 варзишгарони 80 кишвар соҳиби медал гардиданд

Август 18, 2016 17:20

Душанбе, 18.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Баъди натиҷагирии рӯзи дувоздаҳуми мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ мисли пешин дар садри феҳрасти кишварҳои ҷоизадор дастаи мунтахаби  ИМА бо 93 медал (30 тилло, 32 нуқра ва 31 биринҷӣ) қарор дорад. Британияи Кабир бо 50 медал (19 тилло, 19 нуқра ва 12 биринҷӣ) дар ҷойи дувум аст. Чин бо 54 медал (19 тилло, 15 нуқра ва 20 биринҷӣ) дар ҷойи сеюм  мебошад.
Дар ин бора  ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи  миллии олимпии  Тоҷикистон  хабар доданд.
Ба даҳгонаи беҳтарин инчунин Русия (12-14-15), Олмон (12-8-9), Ҷопон (10-5-18), Фаронса (8-11-12), Италия (8-9-6), Нидерланд (8-4-3), Австралия (7-8-9) дохиланд. Умуман, то ҳоло варзишгарони 80 кишвар медалҳои олимпии Рио-2016-ро ба даст овардаанд.
Бояд зикр кард, ки варзишгарони 54 кишвар барандагони медалҳои тиллои Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ шудаанд. Аз миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ ба ҷуз Русия, боз ёздаҳ кишвар — Қазоқистон (3 медали тилло, 3 нуқра ва 6 биринҷӣ,  ҷойи 18-ум), Узбекистон (2 медали тилло, 1 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ,  ҷойи 26-ум), Украина (1 медали тилло, 4 медали нуқра ва 2 биринҷӣ,  ҷойи 33-юм), Арманистон (1 медали тилло ва 3 медали нуқра,  ҷойи 36-ум), Беларус (1 медали тилло, 2 медали нуқра ва 2 медали бириҷӣ,  ҷойи 37-ум), Гурҷистон (1 медали тилло, 1 медали нуқра ва 3 биринҷӣ,  ҷойи 41-ум), Озарбойҷон (3 медали нуқра ва 4 биринҷӣ  ҷойи 55-ум), Литва (1 медали нуқра ва 2 биринҷӣ,  ҷойи 59-ум), Қирғизистон (1 медали биринҷӣ,  ҷойи 70-ум), Молдова (1 медали биринҷӣ,  ҷойи 70-ум) ва  Эстония (1 медали биринҷӣ,  ҷойи 70-ум)  ба гирифтани медалҳои олимпии Рио мушарраф гаштаанд.
Хотиррасон менамоем, ки дар Олимпиадаи Рио то ҳоло варзишгарони се кишвари собиқи шӯравӣ — Латвия, Тоҷикистон ва Туркманистон  медал ба даст наовардаанд.
Умеди охирин ба гурзандози машҳури тоҷик Дилшод Назаров аст. Ин варзишгари 34-сола, ки  бори чаҳорум дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад, зимни суҳбат бо хабарнигорон  гуфт, ки тамоми қувва ва маҳораташро барои ба даст овардани медали олимпӣ равона хоҳад кард.
Ёдовар  мешавем, ки мусобиқоти ниҳоии гурзандозӣ шаби 19 август соати 21:05 ба вақти маҳаллӣ (соати 5:05-и 20 август ба вақти Душанбе) дар Варзишгоҳи олимпии шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия шуруъ мешавад.

Август 18, 2016 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст