Дар Остона аввалин ҷаласаи ШҲМ СҲШ таҳти раёсати Ҷумҳурии Қазоқистон ба кори худ шурӯъ кард
Душанбе, 23.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 23 августи соли 2016 дар шаҳри Остона таҳти раёсати ҳамоҳангсози миллӣ аз Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба фаъолияти СҲШ А.Ж. Абишев ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии (ШҲМ) давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба кори худ шурӯъ кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Котиботи СҲШ иттилоъ доданд.
Ба рӯзномаи ҷаласа, ки то 25-уми август давом хоҳад кард, беш аз 20 масъалаи марбут ба такмили нақшаи фаъолияти СҲШ дар соли 2017 ва гузаронидани чорабиниҳои Созмон дар доираи раёсати Ҷумҳурии Қазоқистон дар СҲШ, дар солҳои 2016-2017дохил гардиданд.
Таваҷҷуҳи асосии ШҲМ ба ҷараёни омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон), машварати вазирони илм ва техника, вазирони масъули фаъолияти иқтисодӣ ва савдои хориҷӣ, ҳамчунин мулоқоти вазирони молия ва раисони бонкҳои марказии (миллии) давлатҳои аъзои СҲШ, ки нимсолаи дуюми соли 2016 дар Ҷумҳурии Қирғизистон ба нақша гирифта шудааст, дода мешавад.
Дар баробари ин роҳҳои амалӣ гардонидани нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Стратегияи рушди СҲШ то соли 2025» ва масоили мубрами вобаста ба дурнамои густариши Созмон, аз ҷумла татбиқи расмиёти дохилидавлатии зарурӣ барои эътибор пайдо намудани меморандумҳо оид ба уҳдадориҳои Ҳиндустон ва Покистон ба хотири ба даст овардани мақоми давлатҳои аъзои СҲШ мавриди баррасӣ қарор мегирад.
ШҲМ — яке аз муҳимтарин мақомоти СҲШ аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолияти ҷории Созмонро амалӣ намуда, ҳамкории мутақобилаи вазорату идораҳои дахлдори давлатҳои аъзои СҲШ-ро таъмин менамояд.
Ҷумҳурии Қазоқистон ба раёсати СҲШ моҳи июни соли 2016 оғоз кардааст.








Дар ноҳияи Данғара озмуни «Фарҳанги дастархонороӣ» баргузор шуд
Пагоҳ дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад






