Дар Пекин Конфронси илмии «25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: роҳ ба сӯи сулҳ ва созандагӣ» барпо гардид

Август 31, 2016 12:07

Душанбе, 31.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. 30 августи соли 2016 дар Кохи сулҳи Ҷамъияти мардумии Чин оид ба дӯстӣ бо кишварҳои хориҷӣ конфронси илмӣ таҳти унвони «25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: роҳ ба сӯи сулҳ ва созандагӣ» баргузор шуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Кори конфронсро оғоз бахшида, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода зикр намуд, ки «маҳз ба туфайли Истиқлолияти давлатӣ баъди ҳазор сол барои мардуми тоҷик имконияти нодир барои эҳёи давлатдории миллӣ, таърих, забон, фарҳанг, анъана ва арзишҳои хуби миллӣ пайдо шуд. Ин имконияти таърихӣ ба Тоҷикистони соҳибистиқлол имкон дод, ки ба роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқӣ ва дунявӣ қадам занад», изҳор дошт Сафир.
П. Давлатзода оид ба дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистони соҳибистиқлол сухан гуфт. «Имрӯз дар кишвар барномаҳои калонмиқёс бомуваффақият амалӣ мешаванд, лоиҳаҳои нотакрори иҷтимоиву иқтисодӣ татбиқ мегарданд, дар соҳаи иҷтимоиёт комёбиҳои назаррас ба даст омадаанд. Бо шарофати Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Тоҷикистонро чун кишвари дорои иқтидори калони иқтисодӣ мепазиранд», иброз дошт Сафир.
Сафир ба мавзӯи робитаҳои Тоҷикистон ва Чин диққати махсус дода, гуфт: «Дар давоми 25 соли робитаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Чин дар ҳақиқат ҳам муносибатҳои дӯстона, ки ба бовариву якдигарфаҳмӣ асос меёбанд, ба вуҷуд омаданд. Аз солҳои аввали истиқлолият Тоҷикистон ба рушди ҳамкорӣ бо ҳамсояи бузург ва хуби худ Чин аҳамияти муҳим медиҳад. Ин ҳамкорӣ тамоми соҳаҳо сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ, ва амниятиро фаро мегирад». Дар баробари ин Сафир илова намуд, ки фаъолгардонии минбаъдаи робитаҳо дар тамоми соҳаҳо ба манфиати на танҳо Тоҷикистону Чин, балки барои тақвияти сулҳу субот дар тамоми минтақа хизмат хоҳад кард. «Мо дар оянда низ муносибатҳоро бо Чин ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати хориҷиамон мақсаднок тақвият медиҳем», изҳор дошт П. Давлатзода.
Муовини раиси Ҷамъияти мардумии чинӣ оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ Сун Ҷинвун меҳмонони чорабиниро бо 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, зикр намуд, ки «давлати тоҷикон имрӯз дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи арзандаро соҳиб гардидааст». Дар ин робита, ӯ боварии сатҳи баланд миёни сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Чинро мавриди зикр қарор дода, гуфт, ки ин боварӣ дар навбати худ ба рушди тамоми маҷмӯи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин мусоидат мекунад: «Ба мардуми тоҷик самимона муваффақият ва шукуфоиро орзумандам».
Бо сухани табрикотӣ Ёвари вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Хуэлай баромад карда, қайд намуд, ки «Чин, ки ҳамсояи наздики Тоҷикистон аст, аз муваффақиятҳои Тоҷикистон бисёр шод аст». Ли Хуэлай се омили муваффақияти кишварро дарҷ намуд: якум доштани Пешвои сазовор дар симои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, дуввум интихоби роҳи рушди худ мувофиқи хусусиятҳои миллии кишвар ва сеюм мустақилона ва муваффақона пеш бурдани сиёсати хориҷӣ.
«25 соли истиқлолияти Тоҷикистон- ин давраи на фақат санҷишҳо, балки давраи ба даст овардани дастовардҳои пураҳамияти мардуми тоҷик дар роҳи бунёди давлатдорӣ мебошад. Омили пураҳамият барои Федератсияи Русия низ дар муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон шарокати стратегӣ ва дӯстии дерин ба ҳисоб меравад»,-зикр намуд Сафири Русия дар Чин А.И. Денисов.
Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай Р.Олимов зикр намуд, ки «Тоҷикистон, ки дар дили Осиёи Марказӣ ҷойгир аст, дар муддати кӯтоҳ мавқеи муҳими геостратегиро соҳиб гардид. Хусусияти фарқкунандаи сиёсати хориҷии кишвар дар баробари эҳтироми манфиатҳои шарикон, қобилияти фаъолона ҳимоя кардани манфиатҳои миллии худ мебошад. Дар ин ҷо сиёсати хориҷии одилона ва хирадмандонаи Президент Эмомалӣ Раҳмон нақши муҳимро ишғол мекунад, ки хислатҳои табиии самимияту бовиҷдонӣ, софдиливу хайрхоҳӣ ба ӯ хосанд».
Ба таҳлили муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Чин баромади муовини Директори Департаменти Европа ва Осиёи Марказии Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин Лю Суэсон бахшида шуд. Ӯ зикр намуд, ки «тӯли солҳои охир ҳамкории тиҷоративу иқтисодии ду кишвар босуръат рушд мекунад ва имрӯз Чин бузургтарин шарики тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор меравад».
Аз ҷониби иштирокчиёни конфронс баромади пурмазмуни собиқ Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фу Суян Ҷан, ки аз хотираву далелҳои нодири худ дар бораи таърихи барқарорсозии робитаҳои Тоҷикистону Чин сухнаронӣ кард, бисёр хуб қабул гардид.
Дар конфронс намояндагони вазорату идораҳои Чин, сафирони Арманистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Туркманистон, инчунин кормандони масъули намояндагиҳои дипломатии кишвари иқомат, собиқ сафирони Чин дар Осиёи Марказӣ, коршиносон ва олимони маъруфи Чин иштирок доштанд. Ба ҳайси сухангӯи конфронс муовини Директори Донишкадаи Русия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин Сун Ли баромад намуд. Чорабинӣ аз ҷониби воситаҳои ахбори оммаи чинӣ ба таври васеъ муаррифӣ гардид.

Август 31, 2016 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Роҳи деҳаи Сари Чашмаи ноҳияи Файзобод мумфарш карда шуд
Аёдати беморон ва дидорбинии собиқадорон амали хайр аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
То соли 2100 яхҳои Антарктида метавонанд чоряк ҳисса коҳиш ёбанд
Бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Дар Кӯлоб дар назди 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ синфхонаҳои иловагӣ бунёд шуд
Доир ба рушди ҷанбаҳои кадрии сиёсати давлатии ҷавонон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба таъсири омилҳои экологӣ ба тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд
Гумрукчиёни тоҷик дар Суғд беш аз 500 ҳазор дона маводи тарфгариро ошкор намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, туман мефарояд