Дар риштаи иқтисодӣ 70 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 2,8 миллиард $ амалӣ карда шуданд
Душанбе,02.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи авали соли равон 70 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар риштаҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон амалӣ карда шуданд.
Назар ба маълумоти пешниҳоднамудаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар, маблағи умумии лоиҳаҳои амалигардида 2,8 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳанд.
Бояд тазаккур дод, ки шумораи лоиҳаҳои дар ин давра татбиқгардида нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16 лоиҳа ё ба маблағи 582 миллион доллари амрикоӣ зиёд мебошанд.
Қисмати бештари лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар кишвар аз ҳисоби ташкилоти байналмилалии молиявӣ татбиқ гардидаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






