Дар Роғун барои шомил нагардидани ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротӣ вохӯриҳои судманд барпо мешаванд
Роғун, 17.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҷамоатҳои деҳот ва маркази шаҳр бо занону духтарон ва ҷавонон оид ба пешгирии хушунат дар оила, сӯиқасд ба ҷони худ, дурӣ ҷустан аз фарҳанги барои миллати мо бегона, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва шомил нагардидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ вохӯриҳои судманд доир менамоянд.
Дар вохӯриҳои мазкур масъулин доир ба ҳифзи амнияти миллӣ, нагаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ, ҳимояи сулҳу субот ва оромии кишвар ва дастовардҳои даврони истиқлолият ҳарф зада, аз шаҳрвандон даъват ба амал оварданд, ки дар атрофи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омада, кишварро дар якҷоягӣ боз ҳам ободтару зеботар гардонанд.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






