Дар Роғун коргоҳҳои дӯзандагии шаҳри Хуҷанд ярмаркаи фурӯши либосҳои мактабӣ доир намуданд

Август 22, 2016 09:57

Роғун, 22.03.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар се муассисаи калонтарини таҳсилоти умумии шаҳри Роғун бо иштироки падару модарон, хонандагон ва роҳбарони муассисаҳои таълимию масъулини идораи маорифи шаҳр ярмаркаи фурӯши либосҳои ягонаи мактабӣ баргузор шуд. Дар ярмаркаи мазкур якчанд коргоҳи дӯзандагии шаҳри Хуҷанд иштирок намуда, маҳсулоти истеҳсолкардаашонро бо нархи дастрас ба сокинон пешкаш намуданд.
Тибқи иттилои мушовири идораи маорифи шаҳри Роғун Абдураҳмон Назаров, аз 8 ҳазору 990 нафар хонандаи шаҳр то ба имрӯз 5 ҳазору 412 нафари он бо либоси ягонаи мактабӣ таъмин гардидаанд, ки он 60,2 % нақшаро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин шуъбаи маорифи шаҳр бо корхонаҳои дӯзандагии «Тоҷи зарин» ва Иттиҳодияи нассоҷии «Тоҷиктекстилкомбинат» шартнома бастааст, то волидайни хонандагон бо сифати хубу нархи нисбатан арзон либосҳои мактабӣ харидорӣ намоянд.

Август 22, 2016 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад