Дар сарҳад аз ҷониби қочоқчиёни афғон маводи мухаддири героин ва яроқи оташфишон дарёфт ва мусодира карда шуд
Душанбе, 11.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. 9 августи соли ҷорӣ соати 01:20 шаб, хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар якҷоягӣ бо кормандони раёсати КДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон дар минтақаи яке аз дидбонгоҳи сарҳадии зертобеи Отряди сарҳадии «Шурообод»-и ноҳияи Ш. Шоҳин убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ аз ҷониби қочоқчиёни афғон ва кӯшиши интиқоли маводи мухаддирро ба ҶумҳурииТоҷикистон пешгирӣ намуданд.
Тавре Муҳаммад Улуғхоҷаев, сардори Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар дод, гурӯҳи 4-5 нафараи қочоқчиёни шахсияташон номаълуми афғон, дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ ба амри сарҳадбонони тоҷик итоат накарданд, ки дар натиҷа байни онҳо задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ омада, қочоқчиён ба тарафи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фирор карданд.
«Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса 5 кг маводи мухаддири навъи героин, як адад яроқи оташфишони Карабин бо тирҳояш дарёфт ва мусодира карда шуд.
Дар айни ҳол кормандони РКДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон нисбат ба ин ҳодиса тафтишот бурда истодаанд»,-илова намуд Муҳаммад Улуғхоҷаев.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






