Дар шаҳри Новосибирск ба истиқболи 25- солагии Истиқлолияти Тоҷикистон барои муҳоҷирони меҳнатӣ хобгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
Душанбе, 27.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси шаҳрвандони фаъолу ватандӯсти тоҷик бахшида ба ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски минтақаи Сибири Федератсияи Русия хобгоҳи замонавӣ барои 350 нафар, ки бо тамоми шароит муҷаҳҳаз буда, барои муҳоҷирони тоҷик ва меҳмонони шаҳр пешбинӣ шудааст, ба истифода дода шуд.
Тавре роҳбари хобгоҳ Дилбар Рӯзиева ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ҳадафи аслии сохтмони хобгоҳ, пеш аз ҳама, кумак ба ҳамватанон ва дигар муҳоҷирони меҳнатии кишварҳои ИДМ мебошад. Дар хобгоҳ шаҳрвандони тоҷик ва дигар бошандагон метавонанд аз хизматрасониҳои марказ, ба монанди ҳуҷҷатгузорӣ ва дарёфти ҷои кор баҳраманд гарданд.
«Нархи шабонарӯзии хобгоҳ ҳамагӣ 150 рубли русӣ (баробар ба 15- 17 сомонӣ)-ро ташкил медиҳад. Хӯрокҳои миллии тоҷикӣ низ бо нархи арзон барои бошандагони хобгоҳ омода мегарданд»,- гуфт Дилбар Рӯзиева ва илова намуд, ки мо бо ҳамроҳии ҷавонмарди ватандӯст Муҳаммадӣ Ғайратов нақша дорем чорабиниҳои муҳими миллиро дар сатҳи баланд ва бо иштироки васеи хабарнигорон дар хобгоҳ таҷлил намуда, расму оини миллату таърихи ватанамонро муаррифӣ намоем.
Садбарг Боқиева, шаҳри Новосибирск, ФР











Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






