Дар шаҳри Новосибирск ба истиқболи 25- солагии Истиқлолияти Тоҷикистон барои муҳоҷирони меҳнатӣ хобгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд

Август 27, 2016 09:41

Душанбе, 27.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси  шаҳрвандони  фаъолу ватандӯсти тоҷик бахшида ба ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳри Новосибирски минтақаи Сибири Федератсияи Русия хобгоҳи замонавӣ  барои 350 нафар, ки бо тамоми шароит муҷаҳҳаз буда, барои муҳоҷирони тоҷик ва меҳмонони шаҳр пешбинӣ шудааст, ба истифода дода шуд.

Тавре роҳбари  хобгоҳ Дилбар Рӯзиева ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ҳадафи аслии сохтмони хобгоҳ, пеш аз ҳама, кумак ба ҳамватанон ва дигар муҳоҷирони меҳнатии кишварҳои ИДМ мебошад. Дар хобгоҳ шаҳрвандони тоҷик ва дигар бошандагон метавонанд аз хизматрасониҳои марказ, ба монанди  ҳуҷҷатгузорӣ ва дарёфти ҷои кор баҳраманд гарданд.

«Нархи шабонарӯзии хобгоҳ ҳамагӣ 150 рубли русӣ (баробар ба 15- 17 сомонӣ)-ро ташкил медиҳад. Хӯрокҳои миллии тоҷикӣ низ бо нархи арзон барои бошандагони хобгоҳ  омода мегарданд»,- гуфт Дилбар Рӯзиева ва илова намуд, ки мо бо ҳамроҳии  ҷавонмарди ватандӯст Муҳаммадӣ Ғайратов нақша дорем  чорабиниҳои муҳими миллиро  дар сатҳи баланд ва бо иштироки васеи хабарнигорон дар хобгоҳ таҷлил намуда, расму оини миллату таърихи ватанамонро муаррифӣ намоем.

Садбарг Боқиева, шаҳри Новосибирск, ФР

Август 27, 2016 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад