Дар Тоҷикистон бори нахуст Кинофестивали байналмилалии филмҳои кӯтоҳ- «НАВСОЗ» баргузор мегардад
Душанбе, 17.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст дар шаҳри Душанбе Кинофестивали байналмилалии филмҳои кӯтоҳ бо номи «НАВСОЗ» гузаронида мешавад.
Тавре ки Муҳибназар Холназаров, директори Ташкилоти ҷамъиятии «НАВСОЗ» ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, кинофестивали мазкур аз 16-ум то 20 сентябри соли равон баргузор хоҳад гашт.
Инчунин М. Холназаров зикр намуд, ки ба 1-умин Кинофестивали байналмилалии филмҳои кӯтоҳ «НАВСОЗ» зиёда аз 60 филм пешниҳод шуд, вале аз ин шумора танҳо 27 филм иштирокчии он гардиданд.
М. Холназаров ҳамчунин зикр намуд, ки дар Кинофестивал намояндаҳо аз Афғонистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Эрон ва Русия иштирок намуда, филмҳои худро пешкаш менамоянд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






